Ҳамкории ПСС ва Ширкати CRATA

Ноябрь 16, 2012 16:59

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – 15 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндагони ширкати ҳуқуқшиносии CRATA баргузор гардид. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ширкати мазкур аз ҷумлаи ширкатҳои асосии ҳуқуқшиносии ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи баҳри Хазар маҳсуб ёфта, дар Осиёи Марказӣ, Британияи Кабир ва Русия дафтарҳои корӣ дорад. Ин ширкат хидмати ҳуқуқии сармоягузорони хориҷиеро анҷом медиҳад, ки ба бозорҳои кишварҳо, аз ҷумла ба бозори Тоҷикистон роҳ пайдо мекунанд. Мақсад аз мулоқот роҳандозии ҳамкории байни Палатаи савдо ва саноат ва ширкати CRATA барои барқарор намудани равобит бо сармоягузорон буд.Дар ҷараёни мулоқот масоили узвият ба Палатаи савдо ва саноат, фаъолияти Суди ҳакамии назди Палатаи савдо ва саноат, масъалаҳои тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ҷалби сармояҳои хориҷӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ноябрь 16, 2012 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад