Ҷалби маблағ дар соҳаи маориф
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов, дар панҷ соли охир бо ҷалби маблағҳои дохилӣ ва сармояи хориҷӣ корҳои зиёд анҷом дода шуд.Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор дар 5 соли охир ҳамасола аз 39 то 247 млн. сомонӣ аз худ шудааст.Ба иттилои манбаъ, дар давраи истиқлолият аз ҳисоби маблағҳои ҷудо намудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар даҳ деҳаи ноҳия барои 180 то 620 хонанда мактабҳои наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд.Аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар заминаи мактаби рақами 22 сохтмони мактаб-интернат барои хонандагони водии Яғноб ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи сохтмони ин мактаб-интернат омода шудааст. Дар ноҳия аз хисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони ду синфхонаи таълимӣ дар ҳудуди води Яғноб анҷом дода шуд.-«Истиқлолият симои ноҳияро ба тарзи шинохтанашаванда тағйир дод. Дар ин давра беш аз 480 иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд»,- афзуд раиси ноҳияи Айнӣ.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






