Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Иҷлосияи таърихӣ

Ноябрь 14, 2012 16:21

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 13 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорони хизмати давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчиёни иҷлосияи сарнавиштсоз ширкат варзиданд.Дар ҷамъомад иштирокчиён дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар низоми давлатдории навини тоҷикон, саҳми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар мухтасар сухан гуфтанд. Инчунин оид ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи миллати тоҷик, ҳадафҳои баргузории ин иҷлосия, аҳамияти қарорҳои қабулкардаи он, барқарор намудани сулҳу созиш ва фаъол гардонидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, сабабҳои дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардидани он изҳори назар шуд. Дар анҷоми ҷаласаи тантанавӣ меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ноябрь 14, 2012 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад