Ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ

Ноябрь 23, 2012 10:13

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Дар тақвими давлатдории тоҷикон санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ эътироф гардида, ҳамасола шаҳрвандони кишвар ин санаро бо руҳияи хештаншиносию ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд. Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, бахшида ба ин санаи таърихӣ дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе чорабинӣ баргузор гардид. Инчунин дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ семинари илмию назариявӣ бо иштироки олимону устодони Академияи ВКД доир шуд. Ҳангоми суханронӣ ҳозирин аз нақш ва мақоми Парчами миллӣ ёдовар гардида, зикр карданд, ки барои ҳифзу қадр кардани муқаддасоти миллӣ ҳар як шаҳрванди ин сарзамин масъул буда, зимни фаъолияти хизматии худ бояд талош намоянд, ки ҳамеша таҳкими сулҳу субот дар кишвар пойдор монда, Парчами миллӣ парафшон бошад.Ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ба он гузошт, ки миллати тоҷик дар раванди соҳибистиқлолии хеш арзишҳои миллию давлатдории худро комилан ба даст оварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии олам ҳамчун давлати соҳибистиқлоли демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ падид омада, соҳиби суруди миллӣ, парчам, нишон ва асъори миллии худ гардид. Аз ҷумла, парчами миллӣ дар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ насб гардида, далели соҳибистиқлолии давлатдории тоҷикон буда, аз узви комилҳуқуқ будани миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад. Соли гузашта, бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмааи Парчами миллӣ бунёд гардида, он бо баландии 165 метр ба китоби «Рекордҳои Геннес» дохил гардидааст.

Ноябрь 23, 2012 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад