Афзоиши нафақа ва ёрдампулиҳо
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2012 ҳаққи нафақа ва ёрдампулие, ки аз тарафи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба бонки давлатии «Амонатбонк» гузаронида шудааст, 783 млн. 10 ҳазор сомониро ташкил дод,-иброз доштанд дар бонки мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар». Маблағи ба нафақа ва ёрдампулӣ пардохтшуда бо назардошти бақияи аввали соли ҷорӣ (25 млн. 614 ҳазор сомонӣ) ба 796 млн. 631 ҳазор сомонӣ баробар аст.Шумораи нафақахӯрон то 1-уми октябри соли ҷорӣ (бе назардошти шумораи нафақахӯрони корманд) 584 ҳазору 879 нафарро ташкил дод.Ба иттилои манбаъ, 45 млн. 175,6 ҳазор сомонӣ ба нафақахӯрони ВМКБ, 248 млн. 23,5 ҳазор сомонӣ ба нафақахӯрони вилояти Суғд, 274 млн. 827,9 ҳазор сомонӣ ба нафақахӯрони вилояти Хатлон, 84 млн. 52 ҳазор ба нафақахӯрони шаҳри Душанбе ва 144 млн. 551,5 ҳазор сомонӣ ба нафақахӯрони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пардохт гардидааст, ки ин тамоми маблағи гузаронидаи Агентии давлатии суғуртаи ӣҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар 10 моҳи соли 2012 бо назардошти бақияи аввали соли 2012 ташкил додаст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






