Арзандаи умри бобаракат

Ноябрь 19, 2012 14:03

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — 24 ноябри соли 1942 дар оилаи сарвари яке аз хоҷагиҳои ноҳияи тозабунёди Вахш Шаимов Хушвахт фарзанде ба дунё омад, ки волидайн бо ҳазорон орзую умедҳо номашро Мурод гузоштанд. Шароити он давра басо вазнину мураккаб буд. Мардум тибқи шиори «Ҳама барои фронт, ҳама барои Ғалаба!» шабу рўз заҳмат мекашиданд. Айёми хурдсолии Мурод чун тамоми ҳамсолонаш якранг мегузашт. Кўдакон дар кўчаҳои деҳаи пур аз хоку лой бозӣ мекарданд. Мурод шабҳо афсонаҳои пурҳикмат ва шавқовари модарашро бодиққат гўш мекарду бо як ҷаҳон орзуи тифлӣ ба хоб мерафт. Аҳли хонадоне, ки дар он Мурод тавлид ёфт, ашхоси соҳибмаърифату баобрў буданд. Падараш Шаимов Хушвахт солҳои 1932-1937 дар вазифаи командири гуруҳи ихтиёриёни Комиссариати халқии корҳои дохилӣ хизмат кард. Ўро дар водии Вахш бештар бо номи «Шаим командир» мешинохтанд. Соли 1937 падараш ба ноҳияи Вахш кўчида омада, колхози ба номи Чапаевро ташкил дод. Муддати 22 сол роҳбарии ин хоҷагиро ба уҳда дошт ва соли 1963 ба нафақа баромад. Бо ордени Ленин, 2 ордени «Байрақи сурхи меҳнат», медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз гардидааст. Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон буд. Пирони маҳаллӣ имрўз ҳам некиҳои Шаим командирро ба хотир оварда, аз хизматҳои анҷомдодааш барои халқи оддию меҳнаткаш ва давлат нақлҳо мекунанд. Муҳити солими хонаводагӣ, насиҳатҳои пандомезу ширини ашхоси обрўманди ҷумҳурӣ, ки бо Шаим командир дўстию шиносоӣ доштанд ва тез-тез дар ҳавлиаш меҳмон мешуданд, дар таълиму тарбияи Муроди хурдсол таъсири мусбати худро расониданд. Вай ба хотири он ки боварии амакҳои меҳмонро сазовор гардаду аз онҳо ҳатман калимаи «Боракаллоҳ бачам»-ро шунавад, дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонд. Баъди дарс дар хона ба корҳои модараш ёрӣ медод. Шаимов М. соли 1959 баъди хатми мактаби миёна ба Институти нассоҷии шаҳри Тошканд дохил гардида, онро соли 1965 хатм намуд. Баъди адои таҳсил ба Тоҷикистон баргашт. Нахуст фаъолияти меҳнатиашро ба сифати сардори қитъаи корхонаи нассоҷии ш. Душанбе оғоз кард. Сипас корманди ҳукумати иҷроияи шаҳри Қўрғонтеппа, сармуҳандис, директори корхонаи хизмати маишии ноҳияи Вахш, котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳияи Вахш буд. Соли 1974 Шаимов М. барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд фиристода шуд. Аз соли аввали хатми мактаб то соли 1983 вазифаи котиби ҳизби коммунисти ноҳияи Вахш, пасон мудири шуъбаи ташвиқотию тарғиботии вилояти Қўрғонтеппаро иҷро кард.Бо назардошти таҷрибаи калони меҳнатӣ ва дониши қавии сиёсӣ, соли 1983 ўро барои таҳсил ба Мактаби олии Кумитаи бехатарии давлатии ба номи Дзержинскии ш. Маскав фиристоданд. Дар муддати 2 сол Шаимов М. тамоми самтҳо ва нозукиҳои касби пурхатар, аммо боифтихори чекистиро азхуд намуд. Баъди хатми ин муассисаи бузурги таълимӣ, соли 1985 ба Ватан баргашт. Якчанд сол дар сафҳои Кумитаи давлатии бехатарии ҶШС Тоҷикистон дар вазифаҳои муовини сардори шўъба дар шаҳри Қўрғонтеппа, сардори шўъба дар вилояти Ленинобод ва дастгоҳи марказӣ дар ш. Душанбе фаъолият кард. Соли 1990 роҳбарияти КБД ҶШС Тоҷикистон натиҷаҳои мушаххаси фаъолияти касбӣ, хислатҳои неки инсонӣ ва малакаю маҳорати сардориашро ба эътибор гирифта, Шаимов М.-ро бо рутбаи навбатии «полковник» сарфароз гардониданд. Моҳи апрели соли 1991 Шаимов М. ба вазифаи сардори раёсати КБД дар вилояти Қўрғонтеппа таъин шуд. Он вақт иҷрои вазифаи мазкур аз кормандони сохтори амнияти давлатӣ масъулияти басе калонро талаб мекард. Чунки охири солҳои 80-ум аллакай дар баъзе аз навоҳии ҷануби кишвар гуруҳҳои алоҳидаи манфиатхоҳ таҳти шиорҳои «озодандешию ошкорбаёнӣ» сокинони оддию ноогоҳро ба гумроҳӣ кашида, онҳоро барои иштирок дар ҷамъомадҳои оммавӣ талқин менамуданд. Маҳалпарастию мансабталошии ин тоифа одамон, алалхусус пас аз пош хўрдани давлати абарқудрати шўравӣ авҷ гирифт. Дар чунин лаҳзаҳои душвор сардори навтаъини раёсати бехатарии вилоят Шаимов М. ба эҳсосот дода нашуд. Вай ба хубӣ дарк мекард, ки ба эътидол овардани вазъият аз кормандони мақомоти амният масъулияти бузургро тақозо дорад. Одатан, вақте ки сухан доир ба вазъияти мураккаби ҷамъиятӣ-сиёсии соли 1992 дар минтақаи Қўрғонтеппа меравад, худи Шаимов М. ба хотир овардани он лаҳзаҳоро дўст намедорад. Аммо шоҳидони бевосита дар симои ҳамкасбонаш, ки аз хоксории ў ба хубӣ огаҳанд, чунин нақл мекунанд: «Нисбат ба шахсияти Шаимов М. ва аҳли оилааш аз тарафи силоҳбадастон борҳо таҳдидҳо садо дода буданд. Боре дар яке аз рўзҳои пурдаҳшат полковник Шаимовро бо роҳи фиреб ба ситоди ин гуруҳҳо, воқеъ дар варзишгоҳи шаҳр оварданд. Тўли якчанд соат сардори раёсати амнияти вилояти Қўрғонтеппа таҳти фишори силоҳбадастони аз ақл бегона қарор гирифт. Ҷангиёни сар то ба по мусаллаҳ аз Шаимов М. боисрор талаб менамуданд, ки «ба хубӣ» истеъфо диҳад, вазифаро холӣ кунад, бо онҳо ҳамроҳ шавад. Дар акси ҳол…Аммо ин фишорҳо иродаи мустаҳкам ва савганди ҳарбии полковники амниятро шикаста натавонистанд. Баръакс, маҳз ана ҳамин ҷасорату нотарсӣ, ростқавлӣ ва принсипнокиаш боис гардиданд, ки силоҳбадастон ба ҷойи тазйиқу фишор ба эҳтироми шахсияти Шаимов М. рўй оварданд».Солҳои минбаъда Шаимов М. дар вазифаҳои гуногуни мақомоти амният, аз ҷумла муовини сардори РВА ҶТ дар вилояти Хатлон, дастгоҳи марказии вазорат хизмати ҳарбиро идома дода, соли 2005 ба нафақа баромад. Барои хизматҳои софдилона ва дастоварҳои назарраси касбӣ бо мукофотҳои зиёди давлатӣ, аз ҷумла орденҳои «Нишони фахрӣ», «Дўстӣ», Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардидааст.Тўли зиндагии шоистаю арзандаи худ, акаи Мурод ҳамроҳи завҷааш ду писару ду духтарро ба воя расониданд, соҳибмаълумот карданд. Фарзандон имрўз бо сари баланд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар меҳнат мекунанд. Яке аз онҳо касби падарро пешаи худ интихоб намуда, анъанаи авлодиро давом медиҳад.Полковник Шаимов М.Х. дар кору пайкори фаъолияти касбӣ, ки ба таври умумӣ беш аз 50 солро дарбар мегирад, шогирдони зиёдро тарбия намудааст. Бо мурури замон онҳо низ мисли устоди худ ҳамчун мутахассисони варзида дар вазифаҳои баланди давлатию соҳавӣ адои вазифа карданд. Баъзеашон имрўз ба нафақа баромадаанд.Аз хотираҳои генерал — майори мустаъфӣ Муҳиддинов Э.Ю.:Қалам ба даст гирифта, дар бораи як шахси маъруфе чизеро ба рўйи қоғаз овардан кори ниҳоят мушкил аст. Ин ҷо сухан оиди дўсти деринаам Шаимов Мурод Хушвахтович меравад. Дўстии ман бо ин шахси бисёр ҳалиму хоксор, покизасиришту одамдўст аз нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта ибтидо гирифтааст.Яке аз хизматҳои шоистаи Мурод Хушвахтович дар ҳамон давраи ниҳоят мураккаб дар он аст, ки вай бо кормандони мақомоти амният тавонист бинои раёсати амниятро дар вилояти Қўрғонтеппа аз душманону моҷароҷўён эмин нигоҳ дорад. Чунки қувваҳои сиёҳкору нохалаф дар назди худ мақсад гузошта буданд, ки бинои раёсатро таҳти тасарруфи худ дароварда, яроқу аслиҳа, бойгонӣ, дигар маводро забт кунанд ва дар он ҷо ситоди қувваҳои ҷангҷўйро ташкил намоянд. Аммо, хушбахтона, тири онҳо хок хўрду ба ҳадафҳои нопоки худ расида натавонистанд.Бояд як чизро қайд кард, ки дар ташкил ва ба шаҳри Хуҷанд фиристодани намояндагони халқ баҳри иштирок дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шўрои Олӣ, саҳми Мурод Хушвахтович хеле калон аст. Баъди барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ, Мурод Хушвахтович, аввал сардори ситод, сониян, вазифаи муовини сардори раёсати амнияти вилояти Хатлонро иҷро кард. Ҳангоми кор дар ин вазифаи пурмасъул, Мурод Хушвахтович, якҷоя бо ҳамкорон бар зидди гуруҳҳои тахрибкору террорист ва ҷангҷўю ҷиноятпеша, ки мехостанд вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд, муборизаи беамон бурда, барои ба Ватан бозгардонидани муҳоҷирони иҷборӣ саҳми назаррас гузошт. Ў дар эътидоли вазъияти нобасомони минтақаи Қўрғонтеппа хизмати арзандаро ба сомон расондааст. Солҳои минбаъда Мурод Хушвахтович ба Шўрои амнияти кишвар фиристода шуд. Вай дар ин ҷо низ худро ҳамчун шахси фидокору соҳибтаҷриба нишон дод. Чандин сол дар ин сохтори масъулиятноки кишвар адои вазифа намуд. Шаимов М.Х. соли 2005 ба нафақа баромад.Мо, собиқадорони мақомоти амният, ба Мурод Хушвахтовичи азиз, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушҳолӣ, хушбахтӣ ва дар зиндагии ояндаашон мувафаққиятҳои беназир орзумандем…Шаимов Мурод Хушвахтович аз даврони тинҷию осудагӣ ва рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон шукргузорӣ карда, дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати шоистаи пирӣ меронад. Ифтихор аз он дорад, ки дар таъмини амнияти халқу ватани худ хизмат намудааст.Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи дўстон, ҳамкасбону шогирдон полковники мустаъфӣ Шаимов Мурод Хушвахтовичро ба ифтихори 70-умин солгарди умри арзандаю бобаракат табрику муборакбод намуда, барояш умри дароз, саломатии бардавом, шукўҳу шодмонӣ, хушию хурсандӣ ва саодати рўзгорро таманно доранд. Б. Эгамов, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2012 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид