Бархӯрди “Шевралет оптра” ва “Нисан максима”
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам) — Шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ ду садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо як нафар ба ҳалокат расидаву ду каси дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аскарҷон Шоборонов соати 13: 30 бо мошини тамғаи “Шевралет Оптра” ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба ҷониби ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракати роҳҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “Нисан Максима”, ронандааш Саломиддин Абдулоев бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи «Шевралет Оптра» ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Ронандаи “Нисан Максима” Саломиддин Абдуллоев бошад, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






