Беш аз сад нафар кормандони милитсия бо хона ва қитъаҳои замин таъмин шуданд
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 53 ҷиноят содир карда шудааст, ки қисми зиёди онро ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳад», — тазаккур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябр, зимни суханронии худ дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик. Вай афзуд, ки ҳолати мазкур ба ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хос буда, дар ин замина супориш дода мешавад, ки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати баланд бардоштани савия ва дониши касбии кормандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватанпарастӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тоза намудани сафҳои мақомот аз шахсони тасодуфӣ ва аз нигоҳи рӯҳӣ ноустувор тадбирҳои пайвастаро амалӣ намоянд. Сарвари давлат таъкид намуд, ки: «Дар бисёр мавридҳо шабакаи интернет натанҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеҷ васила ҳуқуқи шаҳрвандонро дар масъалаи истифода аз шабакаи интернет маҳдуд карданӣ нест. Вале дар баробари ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки бо мақсади таъмини манфиатҳои миллӣ доир ба пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо тавассути интернет чораҳои муассирро амалӣ намоянд. Аз ин росто, ба Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти дахлдор масъалаи ташкили бахши алоҳидаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иттилоотиро дар сохтори вазорат мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намояд». Президенти мамлакат аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, гуфт, ки Танҳо дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзуда, музди меҳнати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 30 баробар ва иловапулӣ барои рутбаи кормандони милитсия 33 баробар зиёд карда шуд. Дар ин муддат садҳо нафар ва танҳо ҳамин сол беш аз сад нафар кормандони милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замин таъмин карда шуда, зиёда аз 140 бинои маъмурӣ ва иншооти Вазорати корҳои дохилӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид. «Тавассути амалӣ намудани амалиётҳои густурда дар давоми даҳ соли охир 131 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ муайян, дастгир ва безарар карда шудааст. Дар ин давра зиёда аз 115 ҳазор ҷиноят ошкор карда шудааст, ки 40 ҳазори онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. Илова бар ин, аз 47 амали террористӣ ва тахрибкории содиршуда 17 амал бевосита аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст», — зикр намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






