Бонки Ҷаҳонӣ нақшаҳои навро амалӣ месозад
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Тавре ки аз дафтари Бонки Ҷаҳонӣ иттилоъ доданд, дар доираи ҳамкории дуҷониба миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013 ба буҷети Тоҷикистон 20 миллион доллар кӯмаки бебозгашт расондааст.Ҳамчунин зикр намуданд, ки мақсад аз пуштибонӣ аз буҷаи давлатии Тоҷикистон ва мусоидат ба раванди ислоҳоти бахши молиёт, таъмини амнияти ғизоӣ ва афзоиши мизони содироти маводи сӯхт мебошад.Бонки Ҷаҳонӣ ба хотири беҳбуди кори низоми ҷамъоварии молиёт дар Тоҷикистон ба миқдори 18 миллон доллар амрикоиро дар назар доштааст.Гуфта мешавад, Бонки Ҷаҳонӣ чандин нақшаи дигарро ба бахшҳои кишоварзӣ, рушди манотиқи деҳот, энергетика, таъмини иҷтимоӣ ва бахши хусусӣ низ равона сохтааст.Дар умум Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 38 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ирсол намудааст. Ёдовар бояд шуд, ки аз соли 1996 Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкорӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






