Боздиди О. Оқилов аз «Қасри фарҳанги Арбоб»
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ).-Рӯзҳои 9-11- уми ноябри соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон ва тармиму таҷдиди иншооти ҷашнӣ ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошт. Оқил Оқилов нахуст бо корҳои омодагию сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанги Арбоб», ки маркази асосии баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, шинос шуд. Тавре ки маълум шуд, дар ин иншооти таърихии ҷашнӣ дар айни замон корҳои тармимию навсозӣ ва барқарорсозӣ ба итмом расида, омодасозии толорҳо ба қабули меҳмонон идома дорад. Маҷмааи фаввораҳо, толори осорхона ва ҷойҳои нишаст мувофиқи мақсад омода гардида, дар саҳни ҳавлии муассиса корҳои ороишотӣ ба марҳилаи охир расидаанд. Ҷараёни корҳои омодагӣ дар чойхонаи Муассисаи давлатии «Қасри фарҳанги Арбоб» низ мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, дар маҷмуъ беш аз 1000 нафар мутахассису сохтмончӣ дар тадбирҳои ободонию сохтмонӣ ва тармиму таҷдидсозии ин иншооти ҷашнӣ бо кори шабонарӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Оқил Оқилов ба роҳбарияти вилоят ва масъулини корҳои сохтмонӣ барои анҷоми босифати корҳо ва дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншоот барои истиқболи сазовори 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои судманд дод. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов зимни сафари худ ба вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум бо ҳолати омодагии осоишгоҳи «Баҳористон» барои қабули меҳмонон дар рӯзҳои таҷлили 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






