Бунёди манзил аз буҷаи вилоят
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Кӯлоб иншооти зиёд ба истифода дода шуд. Соли ҷорӣ бори аввал дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр аз буҷаи вилоят ба маблағи 7, 2 млн. сомонӣ бунёди манзили истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст.Бино ба иттилои муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов, шаҳрдорӣ ба сохтмони манзили истиқомати таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Танҳо дар соли 2011 дар қаламрави шаҳр ва атрофи он ҳазорон манзили истиқоматӣ бунёд гардид. Ҳамчунин дар 11 маҳаллаи шаҳр 1677 бинои истикоматӣ, 8 иншооти таъиноти истеҳсолӣ, 7 иншоот дар соҳаи маориф, 9 иншоот дар бахши тандурустӣ ва 11 бинои маъмурӣ бунёд гардид. Қарор аст, ки роҳҳои мошингарди минтақаи Кӯлоб низ таъмир ва азнавсозӣ гарданд. Дар айни замон барои сохтмони роҳи мошингарди Балчувон-Сарихосор 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






