Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Изҳороти роҳбарияти ширкати «Хюлит Пакерд» Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Изҳороти роҳбари ширкати «Хюлит Пакерд»- Мэк Уиттман оид ба он ки коргоҳ вақтҳои наздиктарин аз вартаи буҳрон раҳо ёфта наметавонад, боиси коҳиши арзиши саҳмияҳои он гардид. Ба гуфти расонаи хабарии Rassian to Day нишондиҳандаи ширкати мазкур дар давоми 10 соли охир пасттарин арзёбӣ шуда, роҳбари он дар робита ба дараҷаи даромади ширкат дар соли оянда пешгўии нохуше мекунад. Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ ба ҳар як саҳмия 3,5 доллар рост меояд. Ин дар ҳолест, ки қаблан коршиносон 4 доллару 16 сентро пешгўӣ мекарданд. Ба гуфтаи роҳбарияти ширкат, соли оянда барои «Эйч-Пи» мавсими навсозии дохилӣ ва бартарафкунии камбудиҳо хоҳад буд. Ба гуфти мутахассисони ин соҳа таҷҳизоти истеҳсолшаванда дар корхона мавҷуданд, аммо барои мукаммал намудану ба бозор баровардани онҳо вақт лозим аст. Вакте ки Мэк Уиттман моҳи сентябри соли равон роҳбари ин коргоҳ таъин гардида буд, нархи саҳмияҳои ширкатро ба 35 расонд. Бозпас хондани аризаи ширкатҳои «Кантас» ва «Эмирейтс» Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи маълумоти як расонаи хабари Ширкатҳои ҳавопаймоии «Кантас»-и Австралия ва «Эмирейтс»-и Арабистони Саудӣ аризаи худро аз комиссия оид ба рақобат ва ҳуқуқи истифодабарандагони Австралия дар бораи таҳсини пешакии иттифоқашон бозпас хонданд. Ин амал ба онҳо имконият медод, ки вақти парвоз арзиши билетҳоро дар мувофиқа бо якдигар ба роҳ монанд. Ба гуфти роҳбари корхонаи ширкати «Эмирейтс»-и Арабистони Саудӣ ин маънои онро дорад, ки ягон сохтори зиддиинҳисорӣ наметавонад барои кадом як коре аз болои онҳо даъво кунад ва ширкати «Кантас» бошад як қисми хатсайрҳои худро тағйир диҳад. Акнун мусофирони он на тавассути роҳҳои ҳавоии Сингапур, балки бо роҳи Дубай парвоз анҷом медиҳанд. Онҳо иброз доштанд, ки лоиҳаи иттиҳоди ин ду ширкат моҳи декабр омода шуда, қарори он моҳи марти соли 2013-ум қабул мешавад. Задухӯрд Миёни сарбозони Сурия ва Туркия Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар минтақаи сарҳадии Тел Абайди Сурия миёни сарбозони Сурия ва Туркия задухўрди мусаллаҳона доир шуд. Бар асари ҳодиса 5 тан аз сарбозони Сурия ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.Аз сарбозони Туркия низ 2 нафар ба ҳалокат расида, 10 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар аини ҳол кормандони мақомоти қудратии ҳарду кишвар дар ҷои ҳодиса иштирок намуда, сабабҳои ҳодисаро муайян менамоянд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






