Чаро Иҷлосияи 16-умро тақдирсоз мегӯянд?
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим) — «Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард». Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор гардид, иброз дошт. Сарвари давлат ҳамаи дастовардҳои минбаъдаи халқи тоҷикро дар соҳаҳои мухталиф аз татбиқи муваффақонаи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур унвон карда, тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла онҳоеро, ки дар роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдат ва худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳм гузоштаанд, самимона муборакбод гуфт. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки чун дар айёми нооромиҳои дохилӣ пояҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардидаву аҳолӣ ба буҳрони шадиди иҷтимоӣ рӯбарӯ шуда буд, аз ин рӯ, барои расидан ба ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлол — таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи кишвар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон хомӯш гардидани алангаи ҷанги дохилӣ ва роҳоӣ ёфтани миллат аз вартаи ҳалокат худ далел буда метавонад, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакатро аз муҳимтарин зуҳуроти тақдирсози таърихи муосири халқи тоҷик арзёбӣ намоем. Президенти мамлакат расидан ба сулҳу ваҳдати комили миллиро маҳсули хиради азалӣ ва самимияти мардуми бонангу номуси тоҷик ба марзи аҷдодии хеш маънидод намуда, таъкид дошт, натиҷаҳое, ки дар партави баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба даст омадаанд, ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи дурахшон ва гулгулшукуфии Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд






