Чорабинии идона дар ШВКД ноҳияи Хуросон
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).- Бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ чорабиниҳои идона доир шуда, дар онҳо роҳбарият, ҳайати шахсӣ, собиқадорон, намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба шаҳодат расидаанд, иштирок намуданд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД хабар доданд, аз ҷумла чунин як чорабинии идона дар шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон доир гардид, ки дар он аз қаҳрамониву шуҷоат ва матонату далерии наслҳои гузашта ва имрӯзи ин мақомот ёдоварӣ карда, ба кормандони шоиста, собиқадорон ва оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба шаҳодат расидаанд, мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.Дар чорабинӣ сардори ШВКД ноҳия подполковники милитсия Маҳмадназар Шарифов сухан гуфта, ҳайати шахсиро бо ин санаи фархунда самимона табрик намуда, барояшон барору комёбӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ садоқатмандиву бурдборӣ таманно намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






