Дар 8 рӯз 28 садамаи нақлиётӣ

Ноябрь 7, 2012 16:56

Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). Аз 28 октябр то 4 ноябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 21 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, ки бар асари онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 21 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд. Аз ҷумла 3 ноябр соати 02:30 дар ноҳияи Шаҳристон ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Абдуҳафиз Абдураҳимови 34 сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар дохили нақби Шаҳристон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи тамғаи «СТАР», ки бе ронанда дар канори роҳ меистод, бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мегардад ва мусофири дохилаш Қаҳрамон Орипови 21 сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Ноябрь 7, 2012 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад