Дасти сахо ҳамеша болост

Ноябрь 20, 2012 17:24

Шаҳринав, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имсол ҳам соҳибкори олиҳиммат Ҷӯрабек Сафаров як гуруҳ хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1,3,45, хона-интернат, дар маҷмӯъ зиёда аз ҳазор нафар кӯдакону наврасонро бо либосҳои гарми зимистона таъмин намуд. Соҳибкор Ҷ.Сафаров дар сохтмони бинои мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 45 саҳми арзанда низ дошт. Ӯ дар таъмини омӯзгорони мактаби мазкур бо маводи хӯрокӣ низ ҳиссагузор аст. Боиси тазаккур аст, ки ба наздикӣ дар маркази шаҳраки Шаҳринав Қасри варзишӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ба истифода дода мешавад, ки дар он ҳиссаи Ҷӯрабек Сафаров низ ҳаст.

Ноябрь 20, 2012 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад