Духтарони ғоратгар

Ноябрь 30, 2012 16:06

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзод.)- 2 зан- сокинони кӯчаи Какановичи ноҳияи Ҳисор аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ дастгир шуданд. Тавре ки сомонаи ВКД хабар дод, ба ШВКД ноҳияи Ҳисор аз номи хазинадори маъмурияти мактаби таҳсилоти умумии №61-и ҳамин ноҳия Тошпӯлотов Бобоназар Эгамбердиевич, соли таваллудаш 1965 ариза ворид гардид. Бобоназаров тасдиқ намуд, ки рӯзи 28 ноябр аз «Амонатбонк»-и №10-и ноҳияи Ҳисор дар асоси чеки пулӣ барои пардохти маоши кормандони мактаби мазкур 19 хазору 127 сомонӣ гирифтааст. Тавре ки дар ариза омадааст, худи ҳамон рӯз дар бозори марказии шаҳри Ҳисор ба тариқи зӯроварӣ 2 нафар зан пулҳои дар дохили селофан бударо гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Хангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Шаҳноза Каримова, соли таваллудаш 1990 ва Ситора Исмоилова, соли таваллудаш 1989 дастгир шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ноябрь 30, 2012 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад