Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мактаб – интернати ношунавоён оғоз бахшид

Ноябрь 1, 2012 10:59

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ, Афшини Муқим)- Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаб- интернат барои кӯдакони ношунаво баъди навсозӣ ба фаъолият оғоз кард. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро маҳассилини ин боргоҳ бо хушнудии хосса истиқбол намуда, бо имову ишораи хоси хеш ба Сарвари давлат барои ғамхории падарона изҳори сипос намуданд. Эмомалӣ Раҳмон бо шароит ва имкониятҳои ин мактаб – интернат аз наздик шинос шуда, барои баланд бардоштани сатҳи таълим дар ин мактаб — интернат дастуру супоришҳои мушаххас дод. Иттилоъ дода шуд, ки мактаб – интернат аз се бинои асосӣ — ду бинои таълимӣ ва як бинои хобгоҳ иборат буда, ҳамчунин барои ҷалби тарбиятгирандагон ба варзиш толори варзишӣ низ бунёд шудааст.   Қобили қайд аст, ки навсозии мактаб- интернат барои кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардидаву барои таҷдиди он Вазорати маорифи кишвар ва ҶДММ «Ситора – трейдинг» маблағгузорӣ намудаанд.

Ноябрь 1, 2012 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад