Эмомалӣ Раҳмон: «Навсозии мактаб – интернат – кори хайру савоб»

Ноябрь 1, 2012 15:37

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим, Дилшодаи Хайруллоҳ)- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити мактаб – интернат барои кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ аз хобгоҳ, утоқҳои компютерӣ, синфхонаи забономӯзӣ, толори варзишӣ ва ошхонаи он дидан намуд. Тавре ки маълум гардид, хобгоҳи он дар шафати худи мактаб – интернат ҷойгир буда, дорои катҳои хоби бароҳат ва тамоми шароити зист мебошад. Зимни боздиди Сарвари давлат аз утоқи компютерии ин таълимгоҳ аён гашт, ки аксари толибилмони ношунаво аз асосҳои фанни информатика ба хубӣ огоҳ буда, метавонанд мустақилона бо барномаҳои компютерӣ сарукор гиранд. Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, то ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани дониши илмӣ ва техникии хонандагон тадбирҳои мушаххас андешанд.   Дар мактаб – интернати ношунавоён дар баробари забони тоҷикӣ омӯзиши забони русӣ низ ба роҳ монда шудааст ва муҳассилини он бо забони русӣ хондаву навишта метавонанд. Сарвари давлат ҳини боздид аз толори варзишии мактаб – интернат дастур дод, то ҳарчи зудтар толорро бо тамоми таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз намоянд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба таббохони ошхонаи мактаб – интернат тавсия дод, то ки ба таъмини хонандагон бо хӯрокҳои серғизо ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд. Барои сафарбар намудани хонандагон ба сайру саёҳат Сарвари давлат супориш дод, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар як адад автобус харидорӣ ва ба мактаб – интернат ҳадя карда шавад. Ҳамчунин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гӯшаи эҷодии хонандагони мактаб – интернат боздид намуд. Тавре ки маълум гашт, толибилмон дар баробари таҳсил ба дӯзандагиву бофандагӣ, сартарошиву кандакорӣ ва дигар корҳои муфид шуғл доранд. Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи мактаб – интернат бо хонандагон мулоқот намуда, дар суханронии худ таъмир ва навсозии мактаб – интернатро кори хайру эҳсон ва ҳадяи арзандае дар арафаи 20- умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар унвон кард ва хонандагонро ба худшиносиву меҳандӯстӣ ва омӯзишу касби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят намуд.  Мавриди зикр аст, ки мактаб – интернати ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ тақрибан 2 гектар масоҳат дошта, барои таҷдид ва навсозии он аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ситора трейдинг»  маблағгузорӣ шудааст.

Ноябрь 1, 2012 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад