Форуми 16 ҷамъияти дўстӣ дар Душанбе

Ноябрь 23, 2012 17:12

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ).-Имруз дар шаҳри Душанбе Форуми Ҷамъиятҳои дӯстӣ ва анҷуманҳои миллӣ таҳти унвони “Дӯстии бидуни марз” баргузор гардид, ки он бо ибтикори раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Намояндагии «Россотрудничество» дар ҶТ роҳандозӣ шуд. Талъат Нигорова муовини раҳбари ҷамъияти дустӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар суҳбат бо ҳабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, дар давоми 25 соли ахир, яъне пас аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ дар алоҳидагӣ фаъолият мекард ва аз сабаби он ки ин ҷамъият яке аз бахшҳои бузурги Созмони «Россотрудничество» ба ҳисоб мерафт, тасмим дорад дубора фаъолияташро бо ин созмон беҳтару наздиктар ба роҳ монад. Номбурад ҳамчунин гуфт: «Мо дар якҷоягӣ кор мекунем ва кушиш дорем бо дигар ҷамъиятҳои дустии собиқ кишварҳои Шуравӣ ки робитаи наздик дошта бошем. Чунин форумҳо робитаҳои фарҳангии чамъиятҳоро беҳтар мекунад». Талъат Нигорова мақсад аз баргузории форуми мазкурро роҳи асосии таҳкими дустии мардуми тоҷик бо миллатҳои дигари муқими Тоҷикистон ва хориҷи кишвар унвон кард. Ба гуфтаи у, раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон тасмим дорад робитаҳои фарҳангии Тоҷикистонро тавассути чорабиниҳои фархангиву илмӣ ва маърифатӣ ба роҳ монад. Зимнан, Форуми 16 ҷамъияти дўстӣ бо кишварҳои алоҳида (аз ҷумла ҷамъиятҳои дўстии «Тоҷикистон — Русия», «Тоҷикистон-Олмон», Тоҷикистон — Эрон»), ки дар доираи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва марказҳои фарҳангии иттиҳодияҳо ва ҷамъиятҳои миллӣ ки бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Маркази илмию фарҳангии Русия ҳамкории зич доранд, давоми мантиқии фаъолияти шариконаи ду ташкилоти ҳаммонанданд, ки мақсаду вазифаи ягона доранд.

Ноябрь 23, 2012 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад