Хусусиятҳои фарқкунандаи буҷаи кишвар

Ноябрь 9, 2012 16:25

Душанбе, 9 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» афзалиятҳои муҳими давлатӣ, бахусус таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ ба инобат гирифта шудааст, зикр шуд дар ҷаласаи васеи Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони кишвар, ки 9 ноябр таҳти раёсати Амиршо Миралиев- муовини раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.  Дар ҷаласа, ки роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар ширкат доштанд, роҷеъ ба хусусиятҳои муҳим ва фарқкунандаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» табодули назар карданд. Зикр шуд, ки тафовути қонуни буҷет барои соли 2013 аз солҳои пешин дар он аст, ки буҷети соли равон дар заминаи «Буҷети давлатии миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» таҳия гардида, ислоҳоти куллии соҳаи андозбандии кишварамонро, ки бо қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ба миён омада буд, пурра ифода карда метавонад.

Ноябрь 9, 2012 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад