Иҷлосияе, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эҳё намуд
Хоруғ, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ бахшида ба 20 – умин солгарди Иҷлосияи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маърӯзаи раиси ВМКБ Қодири Қосим аз беҳокимиятиву бесарусомониҳои соли 1992, таҳдид ва адами истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва ба хотири рафъи даҳшати бар сари миллат омада баргузории Иҷлосияи 16 – уми тақдирсози миллати тоҷик сухан рафт. Зикр шуд, ки дар ин давра дар вилоят 140 мактаби замонавӣ бунёд гардид. Бо маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ 950 иншооти аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта сохта шуд. Тибқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар давраи то соли 2015» татбиқи корҳо оид ба тармиму таҷдиди корхонаҳои саноати коркарди сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ, саноати сабук ва маҳаллӣ, масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ гардидаанд.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






