Ифтитоҳи Маркази фарҳангии Амрико дар Панҷакент

Ноябрь 30, 2012 09:51

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ).- Дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд «Маркази фарҳангии амрикоӣ» бо дастгирии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон таъсис ёфт. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафорати мазкур хабар доданд, ҳаҷми умумии ин маблағ 15 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Маҳбуба Гадоева, муовини раиси шаҳри Панҷакент гуфт, ин гӯшаи фарҳангӣ барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Амрико мусоидат мекунад. Ва 3 ҳазор донишҷӯи ин донишкада метавонанд аз ин маркази фарҳангӣ истифода карда, сатҳи дониши худро беҳтар ва ҷаҳонбиниашонро васеъ намоянд. Мавриди зикр аст, ки Сафорати Амрико дар Душанбе 6 гӯшаи амрикоӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд, Ғарму Қурғонтеппа ва Кӯлобу Душанберо боз кардааст ва инчунин дар минтақаҳои Файзободу Қумсангир ва Панҷакент марказҳои фарҳангиро таъсис додааст. Дар назар аст, ки бо дастгирии сафорат чунин марказҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Истаравшану Мурғоб таъсис дода шавад.  

Ноябрь 30, 2012 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад