Иштироки Э. Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии Иҷлосияи 16-уми таърихӣ

Ноябрь 19, 2012 16:24

Хуҷанд, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои суханронии худ дар ҷомъомади тантанавии бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб», ки ба тозагӣ ба истифода дода шуд, ҳамаи ҳамватанон ва ҳозирони ҷамъомадро ба муносибати санаи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар таҳният гуфта, ба сокинони меҳмоннавози шаҳри Хуҷанд, ки дар он айёми таърихӣ мизбони иштирокдорони иҷлосия буданд, арзи сипос намуд.   Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои сахту душвори соҳибистиқлолии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр кард, ки маҳз ҷанги шадиди бародаркуш дар кишвар, фалаҷ гардидани пояҳои иқтисоди миллӣ ва нооромиҳои тӯлонии дохилӣ сабаб гардиданд, ки таъмини воқеии истиқлолият ва таҳкими он бо назардошти талаботи замони муосир ба таъхир афтад. Ба гуфти Президент, чун вакилони халқ дарк карда буданд, ки ягона роҳи наҷоти давлату миллат аз парокандашавӣ –ин баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олист, пас эшон ягона минтақаи ороми кишвар — шаҳри Хуҷандро макони баргузории Иҷлосияи шонздаҳум интихоб карданд, ки дар ин иҷлосия аз 230 вакил 193 нафари онҳо иштирок намуданд. Ба андешаи Сарвари давлат пойдор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвар натиҷаи иродаи мустаҳками сокинон ва мақомоти роҳбарии мамлакат аст. Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки халқи тоҷик рисолати худро пеши Ватан ва таърих сарбаландона ба ҷо овард.

Ноябрь 19, 2012 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад