Иштироки Сарвари давлат дар ифтитоҳи бинои нави осоишгоҳи Баҳористон

Ноябрь 18, 2012 16:57

Душанбе, 18 ноябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард.Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукру сипос аз сиёсати сулҳсозию ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо эҳтирому самимияти баланд истиқбол гирифтанд.Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳ ва рӯнамоии бинои нави осоишгоҳи овозадори Баҳористон иштирок намуд.Дар саҳни ҳавлии осоишгоҳ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони мардумии Шӯрои Олии даъвати солҳои 1990-1995 ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар, ки дар он солҳои вазнин ба халқу ватани худ хизматҳои пурарзиш намудаанд, суҳбати самимии тӯлонӣ сурат гирифт. Президенти кишвар ба ҳамаи онҳо бори дигар барои хизматҳои шоёнашон дар пешгирӣ аз ҷангу хунрезии солҳои 90-уми асри гузашта, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва дубора сарҷамъ намудани мардуми парешоншудаи Тоҷикистону аз нав бунёд намудани асосҳои давлатдории навини тоҷикон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.Ба роҳбарияти осоишгоҳи Баҳористон дастур дода шуд, ки барои истироҳату фароғат ва солимгардонии онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.Сипас бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави 6-ошёнаи осоишгоҳи Баҳористон расман мавриди истифода қарор гирифт.Зимни шиносоӣ бо шароити тиббии ташхису муолиҷа, ки бо истифода аз навтарин тарзу усул ва технологияҳои ҷаҳонӣ муҳайё гардидааст, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бино дорои 250 ҷойи хоб буда, дар он 100 нафар мутахассисони хуби тиббию хизматрасонӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Шумораи умумии кормандони осоишгоҳ кунун ба 400 нафар расид.Бо ифтитоҳи ин бино кунун осоишгоҳи Баҳористон имкон дорад, ки дар як баст то ба 800 нафар хизматрасонии хушсифат пешниҳод намояд. Дар фасли тобистон бошад имкон ҳаст, ки шумораи истироҳаткунандагон то ба ҳазор нафар дар як баст расонда шавад.Зимни шиносоӣ, ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистони навин бар асари авзои сангини ҷомеа осоишгоҳи Баҳористон, ки он вақт хонаи истироҳатии Қайроққум номида мешуд, ба мисли ҳамаи истироҳатгоҳҳои дигар ба ҳолати ногувор гирифтор шуда буд, вале баробари барқарору пойдор гардидани сулҳу субот ва рӯ ба рушд овардани иқтисодиёти кишвар ва ҳам беҳшавии некуаҳволии мардум ин муассиса умри дубора пайдо намуданд.Мавриди зикри хос аст, ки сабабгори асосии умри дубора пайдо намудану пешсафи ин соҳа шудани осоишгоҳи Баҳористон ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гардид. Беҳуда нагуфтаанд, қадами Сарвари кишвар файзу барор меорад.Баҳори соли 2010 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст аз ин осоишгоҳ дидан карда, бо ҳолати ҳузнангези он шинос шуд.Баъд аз ин бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин осоишгоҳ ба тавозуни Бонки миллии Тоҷикистон гузашт ва тармиму навсозии он оғоз ёфт.Аллакай моҳи марти соли 2011, яъне баъди як сол бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои аввали он пас аз навсозии куллӣ бо шароити муосири табобату истироҳат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонии бинои табобатӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон барои ба сатҳи муосири байналмилалӣ баровардани шароити истироҳату табобат дар он дастуру маслиҳатҳои муфид дод.25-уми майи соли 2011 дар осоишгоҳи Баҳористон нахустин мавсими истироҳатии баъди навсозӣ оғоз ёфт ва ин рӯз чун зодрӯзи дуюми ин муассиса сабт гардид.Дар заминаи иҷрои дастуру маслиҳатҳои иловагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди осоишгоҳи Баҳористон бинои дуюми боҳашамати табобатӣ ва иншооти зиёди фароғат, варзиш ва дилхушӣ қомат афрохта, моҳҳои август ва сентябри соли 2011 мавриди баҳрабардории умум қарор гирифтанд.Афзалияти волои осоишгоҳи Баҳористон ва дигар истироҳатгоҳҳои ин мавзеъ, албатта қарор доштани онҳо дар соҳили Баҳри тоҷик-обанбори нерӯгоҳи Қайроққум мебошад. Вале ин афзалият қаблан хуб истифода намешуд.Аз ин хотир, бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили назди осоишгоҳи Баҳористон пляжи зебою нотакроре сохта шуд, ки новобаста аз паст ё баланд шудани сатҳи оби баҳр ҳамеша пур аз об аст, оби софу тоза ва зуд-зуд ивазшаванда.Табобат ва шифобахшии беморон дар осоишгоҳи “Баҳористон”дар асоси 8 барномаи махсус — “Асаби ором”, “Ҳаракати озод”, “Нафаси озод”, “Бемориҳои рагу дил”, “Узвҳои ҳозима”, “Солимии мард”, “Саломатии зан” ва “Зебогии пусту бадан” ба роҳ монда шудааст.Дар ин ҷо, ҳамчунин дастгоҳҳои навтарине насб шудаанд, ки ҳар яки он то 20-30 намуди ташхис, муоина ва ё муолиҷаро анҷом медиҳад. Табобату тавонбахшӣ бо лойи шифобахши Кӯли Сакии Қрим, муми кӯҳӣ ё худ озакирит, реги маҳаллӣ, шахта ё худ ғори намакин аз намаки кӯҳи Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ, амалиётҳои гуногуни обӣ, аз қабили масҳи обӣ, обпошӣ бо фишори баланд, бо оби маъдандори сулфурӣ ва бо бӯғшифоию гиёҳшифоӣ ба роҳ монда шудааст. Бахши муҳими табобатии ин осоишгоҳро гиёҳшифоӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши сершумори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ташкил медиҳад.Табибони пуртаҷрибаи осоишгоҳ, ки аксарият дар Олмон ва Чин бозомӯзӣ шудаанд, бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва роҳу воситаҳои беҳтарини муолиҷавӣ ба беморон шифо мебахшанд. Таҷҳизоту воситаҳои пешқадами тиббии “Баҳористон” аз Олмон, Итолиё, Британияи Кабир, Чехия, Белгия, Чин ва чанде дигар давлатҳо дастрас шудаанд.Осоишгоҳи Баҳористон имрӯз дар миёни ҳамаи муассисаҳои ин соҳа пешсафу пешқадам аст, зеро танҳо дар 8 моҳи соли равон ба он наздики 15-ҳазор истироҳаткунандагон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва зиёда аз 30 кишвари хориҷӣ ташриф овардаанд.Осоишгоҳи Баҳористон дар амал собит менамояд, ки Тоҷикистони биҳиштосо бо кӯҳҳои сар ба фалаки худ, ки 93% тамоми сарзамини онро ташкил медиҳанд, барҳақ дорои иқтидори бузурги рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ ва саёҳат ба хотири барқарорсозии саломатӣ мебошад.Осоишгоҳҳои Тоҷикистони офтобрӯя бо мардуми соҳибфарҳангу меҳмоннавози кишвар шуҳрати ҷаҳонӣ доштанду доранд. Аз ин хотир, роҳбарияти осоишгоҳи Баҳористон барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани сифати хизматрасонӣ минбаъд низ пайваста дар ҷустуҷӯи навгонию навовариҳо хоҳад буд, то ки дар фазои рушдёбандаи бозори хизматрасонии Тоҷикистони рӯ ба пешрафту шукуфоӣ бо рақибони худ, яъне осоишгоҳҳои дигар рақобати солиму омӯзанда дошта бошад.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «president.tj» дастрас намоед.

Ноябрь 18, 2012 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд