Имрӯз дар доманакӯҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад

Ноябрь 2, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 02.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар доманакӯҳо ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 14+19   дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 21+26  дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво шабона 7+9 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 2, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад