Иштироки Сарвари давлат дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

Ноябрь 10, 2012 13:28

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Ҷамомади ботантанаи бахшида ба иди касбии кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронии худ аз шебу фарозҳо ва рӯзҳои сахту сангине, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар 21 соли рушди мустақили хеш, аз ҷумла дар роҳи пойдору устувор гардондани пояҳои давлатдории навини тоҷикон ва таъмини ҳаёти орому осоиштаи мардум ба сар бурдааст, ёдовар шуда, ба нақши кормандону ходимони милитсия ва кулли мақомоти корҳои дохилӣ дар ин раванд баҳои баланд дод ва ҳамаи онҳоеро, ки дар гузаштаю имрӯз ба ин мақомот алоқамандӣ доранд, бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.Тавре таъкид гардид, «баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани хаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор дошт».Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз талафоти ҷонии Қушунҳои дохилии кишвар дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон, ки шумораашон 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки «давлату ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард».Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилиро дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа «намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат» арзёбӣ намуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 10 соли охир аз ҷониби кормандони ин мақомот 131 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ муайян, дастгир ва безарар карда шуд. Дар ин давра зиёда аз 115 ҳазор ҷиноят ошкор карда шуд, ки 40 ҳазори онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. Илова бар ин, аз 47 амали террористӣ ва тахрибкории содиршуда 17 амал бевосита аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуд.Бо зикри он, ки аз соли 1994 ба ин сӯй зиёда аз 35 ҳазор мил яроқ ва дигар намудҳои аслиҳаи ғайриқонунӣ аз аҳолӣ гирифта шудааст, ҳамзамон бо ишора ба воқеаҳои солҳои охир таъкид гардид, ки ҳанӯз ҳам дар дасти гурӯҳҳои ҷиноятпеша яроқу лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз ин хотир супориш дода шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа барои гирифтани яроқи ғайриқонунӣ чораҳои иловагии зарурӣ андешанд.Чунонки зикр гардид, Ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои муассир меандешад. Тазаккур дода шуд, ки танҳо дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзуда, музди меҳнати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 30 баробар ва иловапулӣ барои рутбаи кормандони милитсия 33 баробар зиёд карда шуд.Таъкид гардид, ки дар ин муддат садҳо нафар ва танҳо ҳамин сол беш аз сад нафар кормандони милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ ва 1200 кас бо қитъаҳои замин таъмин карда шуда, зиёда аз 140 бинои маъмурӣ ва иншооти Вазорати корҳои дохилӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ гардид.Илова бар ин, ба маблағи 18 миллион сомонӣ барои эҳтиёҷоти мақомоти корҳои дохилӣ нақлиёту техникаи махсус, яроқу аслиҳа ва воситаҳои махсуси хизматӣ харидорӣ гардида, барои мукофотонидани ҳайати шахсӣ беш аз 22 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз камбудию норасоиҳои соҳа ва қонуншиканиҳо дар миёни худи кормандону ходимони ин мақомот ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки танҳо дар соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 53 ҷиноят содир карда шудааст, ки қисми зиёди онро ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ташкил медиҳанд.Аз ин хотир таъкид гардид, ки «мардум ба фаъолияти Ҳукумат аз ҷумла аз рӯи масъулиятшиносӣ ва фаъолияти беолоиши кормандони милитсия дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ ва муборизаи оштинопазир бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ баҳо медиҳанд».Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолатҳои номатлуб дар фаъолияти кормандони алоҳидаи мақомоти корҳои дохилӣ дар назди роҳбарияти соҳа доир ба баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, сатҳи саводу маърифатнокӣ ва дониши ҳуқуқӣ, инчунин маданияти касбии кормандон супоришҳои мушаххас дод.Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои шиканҷа нисбати боздоштшудагон дода шуд.Бо таваҷҷуҳ ба масоили ислоҳот дар мақомоти корҳои дохилӣ таъкид гардид, ки зимни таҳия ва тасдиқи сохтори нави мақомоти мазкур бояд такрори вазифаҳо аз ҷониби сохторҳои гуногун ва ҳам камбудиҳои ҷиддии дигар бояд аз миён бардошта шаванд.Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кори мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистонро дар таъмини суботи ҷомеа, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва пешгирии онҳо дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ намуда, бори дигар ҳамаи онҳоро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт ва барояшон дар фаъолияти муракабби шаборӯзӣ барору комёбӣ таманно намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 10, 2012 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд