Истифодаи самараноки замини наздихавлиги

Ноябрь 8, 2012 16:39

Ҳамадонӣ, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Сокинони аксар ноҳияҳои кишвар ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, аз ин ҳисоб фоидаи хуб ҳам ба даст меоранд. Сокини ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ акои Ҷӯрахон боғдориро пешаи худ қарор додааст ва дар чил садяк замини наздиҳавлигӣ дар баробари себу нок ва хурмо парвариши ангурро ба роҳ мондааст. Боғдори пуртаҷриба соли ҷорӣ токзори худро панҷ маротиба бо заҳрхимикатхо коркард кард, то ки ҳашароти гуногун ба ниҳолҳо зарар нарасонад. Ин деҳқони пуртаҷриба имсол аз фурӯши ангур беш аз 20 ҳазор сомонӣ фоида дидааст. Ҳоло дар токзораш қариб се тонна ангур пухта расидааст, ки дар фасли зимистон ба савдо мебарорад. Ҳамчунин дар як садяк замин қаламчаи навъҳои беҳтаринро парваридаасту ният дорад, ки аз давлати Украина боз 150 навъ токи ба иқлими Тоҷикистон мутобиқро оварад ва дар рушди сохаи боғу токпарварӣ ва ҳам таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи муносиб гузорад.

Ноябрь 8, 2012 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад