Кӯмаки навбатии Ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон

Ноябрь 8, 2012 15:15

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба бахши мухобиротии сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2 миллион доллар кӯмак кард. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Амрико дар Душанбе хабар доданд, ин кӯмак, ки аз таҷҳизоти фаннӣ иборат аст, дар доираи «Лоиҳаи таҷҳизи бахши мухобиротии сохторҳои қудратии Тоҷикистон» ироа шудааст.  Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и пойтахт маросими имзои санад аз ҷониби Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва генерал Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон доир гардид. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар марҳилаи аввали лоиҳа 37 таҷҳизот ба бахши мухобиротии кишвар вогузор гардид ва дар назар аст, ки дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми ин лоиҳа ба Тоҷикистон 58 адади дигар тақдим шавад.

Ноябрь 8, 2012 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад