Конфронси 18-уми илмию амалии тиббӣ

Ноябрь 28, 2012 17:03

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 27-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон дар мавзӯи «Дастовардҳо ва дурнамои беҳсозии сифати таълим ва хизматрасонии тибби муосир» конфронси 18-уми илмию амалӣ баргузор гардид.Конфронсро ректори донишкада, раиси кумитаи тадорукот, профессор Аъламхон Аҳмадов ифтитоҳ намуд. Иштирокдорони конфронс дар се ҷаласаи сексионӣ аз рӯи 34 масъалаи пешниҳодгардида андешаҳои худро иброз намуданд.Баъди нисфирӯзӣ ҷаласаи ҷамъбастӣ натиҷагирии конфронси 18-уми солонаи илмию амалиро аз рӯи мавзуъҳои «Дастовардҳо ва дурнамо дар беҳтар намудани сифати таълим ва хизматрасонии тибби муосир» (маърӯзачӣ профессор Гулмуродов.М.Г), «Дастовардҳо ва дурнамо дар беҳтар намудани сифати таълим» (профессор МирзоеваЗ.А.), «Дастовардҳо ва дурнамо доир ба беҳсозии ёрии тиббӣ дар амалияи бемориҳои дарунии кӯдакон ва калонсолон» (маърӯзачӣ Аъзо кор.хориҷии АИТ ФР ОдинаевФ.И.) баргузор гардид.Ректори донишкада, пофессор А.Аҳмадов дар ҷаласаи ҷамъбастӣ иброз намуд, ки дар натиҷаи тараққиёти илму техникаи муосир системаи таълим рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Дар донишкада кормандони баландихтисос барои соҳаи муайяни фаъолияти касбӣ тайёр гардида, донишу ихтисосашон такмил дода мешавад. Дар айни замон дар донишкада «Маркази тиббии бо далел собитшуда» ва «Таълим дар фосила» амал мекунад.Қариб дар ҳамаи кафедраҳои клиникавии донишкада барои ташхис ва муолиҷаи беморон аз технологияи муосир истифода мешавад.Ба гуфти ректори донишкада, кормандони кафедра ба дастовардҳои баланд ноил гардиданд. Кормандони кафедраи ҷарроҳӣ ва иншоршиносӣ дар конгресси Евро-медика иштирок намуда, бо ду медали КОХ, ду медали Билрот ва ду медали шаъну шараф сазовор гардиданд.

Ноябрь 28, 2012 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад