Миқдори ёрии башардӯстона дар 10 моҳ

Ноябрь 27, 2012 08:57

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ-октябри соли 2012 ба маблағи 54 млн. 113,2 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ворид гардидааст.Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ин кӯмаки башардӯстона ворид гардида аз орд, хӯрокворӣ, дору ва либосу пойафзол иборат аст. Аз ҷумла, ба миқдори 12 ҳазору 92 тонна орд, 514,9 тонна равғани растанӣ, ба маблағи 19 млн. 620 ҳазор доллари амрикоӣ доруворӣ, ҳамчунин ба маблағи 2 млн. 47,8 ҳазор доллар либос ва пойафзол, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ, кӯрпаю болишт ва таҷҳизоти компютерӣ ворид шудааст.Аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона таносуби бештар ба ИМА (37 фоиз), Чин (10,9 фоиз), Миср, Олмон, Латвия, Ҷумҳурии Корея, Эрон ва Фаронса рост меояд.Аз ИДМ аз рӯи таносуб ФР бо 13 фоизи кӯмакҳои башардӯстона дар ҷои аввал, Қазоқистон бо 3,5 фоз дар ҷойи дуюм ва Қирғизистон бо 1,2 фоизи кӯмакҳо дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Ноябрь 27, 2012 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад