Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 8 ноябр дар шаҳри Истанбул мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо президенти Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни Туркия (TUSKON) Ризонур Мерал баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, вазъи сармоягузорӣ ва захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон ва ташкили ҳамоиши тоҷирони Тоҷикистону Туркияро, ки бояд моҳи декабри соли ҷорӣ дар Туркия баргузор гардад, мавриди муҳокима қарор доданд. Конфедератсияи мазкур созмони ҷамъиятию ғайритиҷоратӣ буда, соли 1990 таъсис ёфта буд. То имрӯз 7 федератсия, 173 ҷамъияту ассотсиатсия, 43 ҳазор соҳибкорони Туркия ва беш аз 120 ҳазор ширкат аъзои он мебошанд. Мақсади асосии конфедератсия мусоидат ба барқароршавии муносибатҳои байни соҳибкорони Туркия ва кишварҳои хориҷӣ мебошад. Конфедератсия дар шаҳрҳои Маскав, Брюссел, Пекин ва Вашингтон намояндагиҳои худро дорад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






