Муаррифии маҳсулоти Беларус
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 14 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии маҳсулоти «Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявии Минск ба номи В.Козлов» баргузор гардид. Тавре ки аз Сафорати Беларус дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳошияи маросими муаррифӣ филме дар бораи фаъолияти корхонаи мазкур намоиш дода, сипас мутахассиси пешбурди шӯъбаи маркетинг ва савдо Д.Казюкевич ва сардори бюрои шӯъбаи конструктории зеристгоҳҳои трансформаторӣ А.Василев сухан карданд.Ҷониби Тоҷикистон ба маҳсулоти корхонаи мазкур ва хусусиятҳои техникии он, ҳамчунин ба имкониятҳои тавлиди таҷҳизоти сарфакунандаи барқ мароқ зоҳир намуд. Дар маросим Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Гаврук, муовини аввали раиси Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Б.Азимов ва дигарон ширкат доштанд. Беш аз 30 нафар намояндагони ташкилотҳои махсуси Ширкати «Барқи тоҷик» ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳсулоти худро ба маърази намоиш гузоштанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






