Мулоқот дар Токио
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Сарвазири Ҷопон Ёсихико Нода ҳайатҳоеро, ки барои иштирок дар мулоқоти чоруми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ ва Ҷопон» ба шаҳри Токио омадаанд, ба ҳузур пазируфт.Сарвазири Ҷопон зимни мулоқот зикр намуд, ки имсол кишвараш 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар соҳаҳои мухталиф муваффақона рушд меёбанд, қайд мекунад. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки Ҷопон ба таҳкиму такмили минбаъдаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак манфиатдор аст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар навбати худ номаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвазири Ҷопон супурда, дар мавриди аҳамияти вусъат бахшидани ҳамкории минтақавӣ бо иштироки Афғонистони ҳамсоя ва ҷалби он ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки ба ҳарчи зудтар барқароршавии сулҳу субот дар ин сарзамини ҷабрдида мусоидат мекунанд, изҳори назар кард.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






