Мулоқоти судманд дар Шоҳигарии Норвегия

Ноябрь 22, 2012 15:28

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 20-уми ноябри соли ҷорӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Ослои Шоҳигарии Норвегия рафт. Дар ҷараёни сафар вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо вазири нафт ва энергетикаи Норвегия Ула Бортен Му, муовини вазири корҳои хориҷии Норвегия Тургейр Ларсени, роҳбарони идораи норвегии захираҳои об ва энергетика, шабакаи давлатии ҳамоҳангсозии «Statnett» ва дигар ширкатҳои энергетикии Шоҳигарии ин давлат мулоқот доир намуд. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва саноат, ҷалби сармоягузории ин кишвар ба иқтисодиёти Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Бино ба гуфтаи ҷаноби Ула Бортен Му, Ҳукумати Норвегия барои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон ҳамкориҳоро минбаъд низ густариш хоҳад дод. Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ дар навбати худ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳоеро, ки ҷиҳати бевосита сармоягузорӣ намудан ба энергетика, корхонаҳои саноатӣ омодаанд, дастгирӣ менамоянд. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва марказӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии маблағгузориҳои Тоҷикистону Норвегия бо мақсади татбиқи чандин лоиҳаҳои пилотӣ тайи 18 моҳи наздик ҳамкориҳои зич дорад. Рушди устувори бахши бунёди неругоҳҳои хурд барои корхонаҳои саноатӣ бобати рушди бахши куҳкорӣ аз тариқи ба таври эътимоднок таъмин намудан бо нерӯи барқ аҳамияти махсус пайдо намудааст. Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ изҳор кард, ки кишварҳои ҳамсоя, бахусус Афғонистон ба масъалаи норасоии нерӯи нерӯи барқ мувоҷеҳ буда, ин мушкилоти худро аз ҳисоби зиёд намудани содироти нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон бартараф карда метавонанд. Дар айни замон ду хати интиқоли барқ мавҷуд мебошад, ки бо иловаи таҳияи лоиҳаи CASA- 1000 Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад. Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳои миёни ҳарду кишвар дар асоси Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии ТОҷикистон моҳи сентябри соли 2010 оғоз ёфтааст. Бар зимни ин бо мақсади мураттаб сохтани пешниҳодҳои мушаххас дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши бунёди нерӯгоҳҳои хурд, барои баррасӣ, таҳлил ва ислоҳ давровардан дар низомномаи тамзимкунандаи мавҷуда маркази алоҳидаи Тоҷикистону Норвегия таъсис дода шуд. Аз рӯи натиҷаҳои дастурҳои таҳиянамудаи гуруҳҳои кории байни вазоратҳои ҳарду кишвар нақшаи фаъолияти якҷоя бобати беҳтар гардонидани шароити сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнегетикаи хурд мураттаб гардид. Дар асоси нақшаи мазкур аз ҷониби Маркази Тоҷикистону Норвегия консепсияи миллӣ доир ба мавриди таваҷҷуҳ қарор додани беҳтаргардонии фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ дар нерӯгоҳҳои хурди барқию обӣ таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 22, 2012 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид