Нақши калидии парлумонҳо дар тавсеаи муносибот
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Парлумонҳои ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ мебозанд». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоташ бо Нурлан Нигматулин –раиси палатаи поёнии парлумони Қазоқистон иброз дошт. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мусоҳибон масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва палатаи поёнии парлумони Қазоқистон, фаъол намудани кори гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, густариши муносибот дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, захираҳои обӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзишу туризм ва дигар соҳаҳои мавриди назарро матраҳ намуданд. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистон имконоти фаровон ҷиҳати тавсеаи равобити байнипалумонӣ вуҷуд дорад. Ба роҳ мондани табодули ҳайатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистон ба боз ҳам густариш ёфтани ин муносибот мусоидат менамояд, ҳамчунин дар самти истифодаи таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо кӯмак хоҳад кард. Мавсуф таъкид кард, ки тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни палатаҳои поёнии парлумони ҳар ду кишвар шароити боз ҳам муносиберо дар раванди густариши ин муносибот фароҳам хоҳад овард. Раиси палатаи поёнии парлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин дар мулоқот хостори густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо парлумони Тоҷикистон гардид. Вай гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии вохўрии роҳбарони парлумонҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасии масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо ба шумор меравад. Мусоҳибон ҳамзамон доир ба авзои минтақа, бахусус вазъияти Афғонистон табодули назар карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






