Нуфузи монополистҳо коҳиш дода шуд

Ноябрь 9, 2012 12:14

Душанбе, 9 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳиссаи ширкатҳои монополистӣ дар бозорҳои дохилии кишвар аз 50 % ба 35 % коҳиш дода шуд. Дар робита ба ин вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар борзорҳои мол» тағйирот ворид намуданд. Абдуқодир Муҳаммадиев-муовини авввали Прокурори генералии ҷумҳурӣ бо шарҳи масъалаи мазкур дар назди вакилони парлумони кишвар гуфт, ки тибқи супориши протоколи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз моҳи сентябри соли 2011 мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор шуда буданд, ки сабабу омилҳои беасос баланд гардидани нархи сўзишворӣ ва маводи ғизоиро дар кишвар мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати пешгирии болоравии нарх ва ба эътидол овардани он чораҳои ҷиддӣ андешида, масъалаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Санҷишу таҳлилҳои ҳолати рақобат дар бозорҳои мол, ки аз ҷониби мақомоти прокуратура дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ гузаронида шуданд, нишон дод, ки дар болоравии нархи навъҳои гуногуни молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва озуқаворӣ сабабу омилҳои субъективӣ ҷой доранд. Пешгирӣ накардани чунин омилҳо боиси халалдор гардидани рақобати озод ва манфиатҳои субъектҳои дигари хоҷагидор, аз ҷумла соҳибкорони ватанӣ мегардад. Абдуқодир Муҳаммадиев зикр кард, ки тибқи маълумоти оморӣ аз ҳаҷми умумии 210 ҳазору 136 тонна бензине, ки дар тўли соли 2011 ба кишвар ворид гардид, ҳиссаи воридотии баъзе субъектҳои хоҷагидори ба феҳристи субъектҳои хоҷагидори дар ин бозори мол мавқеи ҳукмафармоӣ дошта, аз 51 % зиёд гардида, онҳо бевосита ба муҳити рақобат, шарту шароити бозори дохилӣ ва нархи маводи сўзишворӣ таъсир расонида, яке аз омилҳои субъективии мунтазам болоравии нархҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва техникӣ беасос мегардад. Ҳиссаи дигари субъектҳои хоҷагидор ҳамагӣ аз 2,77 ва 6 %-ро ташкил дода, фаъолияташонро барои ба эътидол овардани вазъи бозори дохилӣ начандон таъсирнок боқӣ мемонад. Тибқи талаботи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ба субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори як мол амал мекунанд, бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сохтан, бартараф сохтани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои субектҳои дигари хоҷагидор ҷой доранд ё ҷой дошта метавонанад, манъ аст. Бо назардошти ин меъёри қонун барои ба низом даровардани бозори истеъмолии молу маҳсулоти ба ҷумҳурӣ воридшаванда ва дигар кору хизматрасониҳо риояи қатъии қоидаҳои нархгузорӣ, пешгирии болоравии нархҳо, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ва техникӣ беасосанд, зарурати ворид намудани тағйирот ба моддаи 3 –и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ба миён омадааст, таъкид кард муовини аввали Прокурори генералии ҷумҳурӣ. Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкур пешгирии сӯйистифода ва роҳ надодан ба таъсирррасонии як субъекти хоҷагидор ба шарту шароити умумӣ дар бозори молҳои гуногун, фароҳам овардани шароити муносиби рақобати озод, ёрии давлатӣ ба дигар субъектҳои хоҷагидор, соҳибкорони ватанӣ ва рушди бозаргонӣ дар кишвар аст.

Ноябрь 9, 2012 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд