Озмуни наврасон дар мавзуи «Иҷлосияи тақдирсоз»
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). –Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» чорабини идона бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз» баргузор мегардад.Дар он намоиши театрикунонидашуда бо иштироки хонандагони мактаби таҳсилоти умумии рақами 42 таҳти номи «Иҷлосияи тақдирсоз» дар назар дошта шудааст.Инчунин барномаи консертии ҳунардӯстони махфилчиёни Маркази кӯдакон ва наврасон ва сӯҳбати озод бо вакилони Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон низ доир мегардад, изҳор дошт зимни сӯҳбат бо хабаригори АМИТ «Ховар» директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Комилҷон Холов.Дар ҷамбасти чорабинӣ ба ғолибони озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии ҶТ» аз ҷониби Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






