Озмуни «Тирамоҳи заррин»
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Бо ибтикори Вазорати маорифи ҶТ ва Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ ва бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов ҳамаи иштирокдорон ва меҳмонони озмунро муборакбод намуда, роҳандозии онро ба дараҷаи баланд арзёбӣ кард.Дар озмун хонандагони шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Ҳисор, Ҷиргатол, Нуробод, Тавилдара, Рӯдакӣ, Тоҷикобод ва ВМКБ иштирок доштанд.Ба намоишгоҳ рамзҳои давлатӣ – парчаму нишон, расму нигораҳо, экибану гербарийҳо, албомҳои экологӣ, рӯзномаҳои деворӣ дар мавзӯи ҳифзи табиат, талбисҳо аз партовҳои истеҳсолот, муҷассамаҳои аз сабзавоту мева сохташудаи ҳайвоноту парранда ва ғайра пешниҳод гардид.Ғолибони озмун бо ифтихорномаю инъомҳои қиматбаҳо мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






