Пешбурди фаъолияти Академия дар заминаи 77 мавзӯъ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавассути фаъолияти 428 ходими илмӣ, аз ҷумла 25 доктор, 128 номзади илм,6 академик ва 9 аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) дар давоми моҳҳои январ-ноябр дар заминаи 77 мавзӯи илмию таҳқиқотӣ корҳои зиёд анҷом пазируфт,- иброз дошт саркотиби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар». Фаъолияти Академия барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи таъминоти илмии кишоварзии Тоҷикистон равона шудааст. Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз рӯи барномаҳои тасдиқгардида дар филиалу озмоишгоҳ, пойгоҳҳои илмию хоҷагиҳои таҷрибавии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ амалӣ гардида, натиҷаҳои муайян ба даст оварда шудааст.-«Ҳоло дар сохторҳои академия 6 пажӯҳишгоҳи илмии соҳавӣ (зироаткорӣ, боғдорию сабзавоткорӣ, хокшиносӣ, чорводорӣ, ветеринарӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ), Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Озмоишгоҳи таҷрибавии кишоварзии Помир ва Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ» шомиланд, ки ҳар кадоми онҳо аз рӯи соҳаи худ фаъолиятҳои илмию таҳқиқотиро анҷом медиҳад»,- афзуд саркотиби Академия Давлатҷон Комилзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






