Пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ дар Душанбе

Ноябрь 23, 2012 15:51

Душанбе , 23 ноябр. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Имрӯз дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ярмаркаи ҷумҳуриявии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Ҳадафи асосии ярмарка таъмини шаҳрвандон бо чойи кори доимӣ ва муваққатӣ мебошад. Ба иттилои сардори Раёсати Агентии ҳифзи ичтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Фирдавсӣ Абдухолиқ Олимов, имрӯз дар ярмаркаи навбатии ҷумҳуриявӣ аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе намояндагони зиёда аз 100 корхона бо пешниҳоди 1780 чойи кори холӣ даъват шуда буданд. Ҷойҳои кории холӣ асосан дар соҳаҳои саноат, сохтмон, тандурустӣ, коммуналӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ пешниҳод гардиданд. Зикр гардид, ки музди миёнаи маоше, ки корхонаҳои чор ноҳияи ш.Душанбе пешниҳод кардаанд, ба 450 сомонӣ мерасад, аммо ҳастанд корхонаҳое , ки сатҳи маоши онҳо баланд аст, яъне дар сохтмон зиёда аз 729 сомонӣ ва дар саноат қариб 480 сомониро ташкил медиҳад. Ба шаҳрвандоне, ки касбу кори мувофиқ наёфтанд, аз тариқи чор маркази таълимии шаҳри Душанбе барои ёфтани касби мувофиқ роҳхат дода шуд.

Ноябрь 23, 2012 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст