Рӯзи милисаи тоҷик ҷашн гирифта мешавад
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 10 ноябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Рӯзи милисаи тоҷикро таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз дар «Кохи Ваҳдат» маросими ботантана ва консерти идона баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.Таърихи таъсисёбии милисаи тоҷик аз 7 декабри соли 1924 оғоз меёбад. Дар он рӯз Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон таъсис ёфта, Абдулло Ёрмуҳаммедов аввалин комиссари халқии корҳои дохилӣ таъин шуда буд. 1 январи соли 1925 –ум 33 нафар кормандони Комиссариати халқии корҳои дохилӣ аз Тошкент ба шаҳри Душанбе сафар карда ва 5 феврал ба пойтахти Тоҷикистон расиданд. Рӯзи дигар аввалин маҷлиси машваратии Комиссариати инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаи фаъолияти Комиссариати халқии корҳои дохилӣ баррасӣ шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷилавгирии ҷинояткорӣ ва ҳифзи қонуну тартибот дар кишвар ҳиссаи бузург гузоштаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






