Р.Смит: «Аз имконоти мавҷуда самаранок истифода хоҳам кард»

Ноябрь 12, 2012 12:11

Душанбе, 12 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои мутақобилан судманди ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар меҳвари мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Сафири нави фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Робин Орд- Смит дар Тоҷикистон қарор дошт. М. Убайдуллоев гуфт, ки бо оғози фаъолияти дипломатии Робин Орд –Смит дар Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф-ҷалби бештари бахши иқтисод ва тиҷорати Британияи Кабир ба лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, афзун намудани квотаҳои мавҷуда барои донишҷўёни тоҷик дар донишгоҳҳои Британияи Кабир, ифтитоҳи филиали донишгоҳҳо ва литсейҳои британӣ дар Тоҷикистон, инчунин равобити байнипарлумонии ҳар ду кишвар беш аз пеш ривоҷ хоҳад ёфт. Дипломати британӣ дар навбати худ афзуд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда фаъолияти минбаъдаашро дар ҳамкорӣ бо институтҳои парлумонии Британияи Кабир дар мавриди масъалаҳои матраҳгардида равона хоҳад кард. Инчунин Робин Орд-Смит таъкид дошт, ки дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон ва сафари анҷомдодаи Раиси Маҷлиси миллӣ ба Лондон феъалан аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир баррасии Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмию техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, худдорӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии канораҷўӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармоя идома дорад, ки ҳангоми ба имзо расидани ин санадҳо сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баланд хоҳад гардид.

Ноябрь 12, 2012 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад