Сарвари давлат ғамхори муҳоҷирони меҳнатӣ

Ноябрь 26, 2012 17:39

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). Ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсии Русия сафари корӣ менамоянд ва дар гузаргоҳи сарҳадӣ варақаи муҳоҷиратиро пур намуда, ҳангоми ба қайди муҳоҷиратӣ мондан таъхир мекарданд ва ё бисёр вақтҳо бо мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд. Дар натиҷа муҳоҷири меҳнатӣ аз муҳоҷири расмӣ ба муҳоҷири ғайрирасмӣ табдил меёбад ва аз ҷониби мақомоти тартиботӣ зери таъқиб қарор мегирад.  Ҳар сол муҳоҷирони меҳнатӣ баъди анҷоми шартномаи меҳнатии яксола бояд ҳатман сарҳади Федератсияи Русияро убур намуда ва боз ба ин кишвар расман ворид гарданд. Ин ҳам мушкилиҳои зиёдеро барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба бор меорад. Маҳз барои ҳалли ин масъалаҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсии Русия Владимир Путин рӯзи 5-уми октябри соли 2012 дар рафти сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия Ёддошти тафоҳум оид ба иқдом байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расид. Бино ба иттилои сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ тибқи ин Ёддошт тарафҳо мақсаднокии то 1-уми январи соли 2013 таҳия ва имзо расонидани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия, ки иқдоми озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз бақайдгирӣ дар маҳалли будубош ба муҳлати 15 рӯз пешбинӣ менамояд ва то 1 марти соли 2013 таҳия ва ба имзо расонидани шартномаи байналмилалӣ , ки ба расмиятдарории иҷозати кор ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ба муҳлати то 3 солро пешбинӣ менамояд, таъкид намуданд.

Ноябрь 26, 2012 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст