Шиносоии ҳайати Суди конститутсионӣ бо фаъолияти ҳамкасбони украинии худ

Ноябрь 7, 2012 12:04

Душанбе, 7 ноября. (НИАТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори семинари илмӣ – амалӣ дар Украина, ки ба фаъолияти дастгоҳи Суди Конститутсионии Украина бахшида шуда буд, ширкат варзида, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Суди конститутсионии Украина шиносоӣ пайдо намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур аъзои ҳайати дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиати номаҳо ба ин мақомоти назорати конститутсионӣ, фаъолияти ёрдамчиёни судяҳо, коллегияҳои судӣ, тартиби омода намудани хулосаи экспертӣ вобаста ба парванда ва дигар паҳлўҳои фаъолияти дастгоҳи Суди конститутсионии Украина аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, дар масъалаҳои мухталифи соҳавӣ бо ҳамкасбони хориҷии худ табодули назар намуданд.Тавре, ки сомонаи расмии Суди конститутсионӣ хабар медиҳад, дар ҷараёни сафари мазкур ҷиҳати густариши ҳамкориҳои тарафайн вохўрии ҳайати дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Суди конститутсионии Украина А. Головин ва роҳбарияти дастгоҳи Суди Украина доир гардид ва дар он масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ ва дастгоҳҳои он ибрози андеша карда шуд.

Ноябрь 7, 2012 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад