«Ширкати алюминийи тоҷик» истеҳсоли алюминийи аввалияро коҳиш доданист
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сарвиноз Руҳуллоҳ).–КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тасмим гирифтааст, ки то анҷоми соли 2012 истеҳсоли алюминийи аввалияро тақрибан 3% коҳиш дода, ба ҷои истеҳсоли 281 ҳазор тонна 273 ҳазор тонна филиз истеҳсол намояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Игор Сатторов, сардори Хадамоти департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ширкати мазкур иттиллоъ дод. Вай гуфт: «Дар муддати 9 моҳи соли равон динамикаи мусбати афзоиши истеҳсоли алюминийи аввалия ба мушоҳида расидааст: 212 ҳазор тонна алюминий истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли пешин 523 тонна зиёд аст. Аммо бинобар пастравии назарраси сатҳи нархи ҷаҳонии алюминийи аввалия, ки моҳҳои охир мушоҳида мегардад, кризис-менеҷменти ширкат ба роҳбарияти ТАЛКО пешниҳод намуд, ки бо мақсади то ҳадди ақал кам кардани талафи молиявӣ дар бораи коҳиши ҳаҷми истеҳсолот қарор қабул намояд». Қобили зикр аст, ки дар оғози соли 2012 мутахассисони «Ширкати алюминийи тоҷик» пешбинӣ намуданд, ки дар сурати ноустувории нархи алюминий истеҳсоли он дар ҷаҳон 10-15% коҳиш хоҳад ёфт. Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Биржаи филизоти Лондон, дар соли 2012 сатҳи баландтарини нархи алюминийи аввалия моҳи феврал ба мушоҳида расида, барои як тонна бештар аз 2200 доллари ИМА-ро ташкил дод. Феълан, нархи он дар сатҳи 1889 доллари ИМА қарор дорад. Нархи пасттарини он дар моҳи август 1838 доллари ИМА-ро барои як тонна ташкил медод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






