Шумораи донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон меафзояд
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Дабири кулли СММ “Дар бораи вазъи Афғонистон ва оқибатҳои он барои сулҳу субот дар ҷаҳон” ибрози назар кардааст. Тоҷикистон барои сулҳу субот ва пешравӣ дар ин минтақа теъдоди донишҷӯёни афғонро сол то сол зиёд намудааст. Дар ин бора аз Вазорати маориф иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон тасмим дорад, теъдоди донишҷӯёни афғонро, ки ба омӯзиш машғуланд, ду баробар афзоиш диҳад. Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки дар муассисоти таҳсилоти олии кишвар беш аз 500 нафар донишҷӯи афғон омӯзиш мегиранд ва тасмим доранд, ки то соли 2025 ба 1000 донишҷӯи афғон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, кӯмакпулӣ ҷудо намоянд.Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, низомӣ ва марзбонони Афғонистон давраҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






