Тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ
Душанбе, 12 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 12 ноябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, матраҳ шуд. Аъзои Шўро дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидории биологӣ», «Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро муҳокима намуда, атрофи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба масъалаҳои мазкур табодули назар карданд. Ҳамзамон парламентарҳо масъалаҳо дар бораи ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2012» ва «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», лоиҳаи «Барномаи давлатии қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






