Тақдири баланди «Равшан»-и Кӯлоб
Душанбе, 30 ноябр ( АМИТ Ховар, Аловиддин Бӯриев)-Бори аввал дар таърихи футболи Тоҷикистон дастаи «Равшан»-и Кӯлоб соҳиби унвони чемпиони мамлакат гардид. Футболбозони ин даста дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт чемпиони солҳои ахири ҷумҳурӣ -«Истиқлол»-и Душанберо бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дода, дар чемпионати 21-ум, дар ҷамъбаст сохиби ҷои аввал гардиданд. Барои томошои ин бозии нихоят ҷолиб тақрибан 18 000 мухлис ба варзишгоҳ омад. Ҳисоб дар дақиқаи 19-уми бозӣ аз ҷониби Фарҳод Тоҳиров аз дастаи «Истиқлол» кушода шуд ва дере нагузашт, ки яке аз бозингарони беҳтарини ин дидор Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 32-юм ҳисобро баробар кард. Голи дуввумро ҳам ин бозингар дар дақиқаи 60-ум ба дарвозаи истиқлолиҳо ворид карда, «Равшан»-и Кӯлобро аввалин бор ба гирифтани унвони чемпиони Тоҷикистон мушарраф гардонид. Футболбозони дастаи «Равшан» соли оянда бори аввал баъди танаффуси тӯлонӣ ҳамчун чемпион ва «Регари ТадАЗ» чун соҳиби ҷоми Тоҷикистон дар бозихои лигаи дастахои футболи Осиё ширкат меварзанд . Хамин тавр, дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи «Равшан» бо 62, «Регар-ТадАЗ»- бо 61 ва дастаи «Исиқлол» бо 53 имтиёз дар се зинаи ифтихорӣ мавқеъ гирифтандДилшод Восиев («Истиқлол») бо 24 гол нишонзани беҳтарин дониста щуд. Комил Саидов («Регар-ТадАЗ») бо 20 гол ва Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ») бо 18 гол дар ҷойҳои минбаъда қарор гирифтанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






