Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар ДМТ

Ноябрь 23, 2012 10:13

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова) .- Дирӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Руӯи Парчами давлатӣ чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ширкат варзиданд. Ба иттилои Иброҳим Мирзоев, масъули бахши тарбияи ватандӯстии ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ дар ҳамбастагӣ бо донишгоҳу доишкадаҳо баргузор шуд. Ҳадафи баргузории чорабинӣ шиносоии ҷавонон бо анъана ва дастовардҳои миллӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон нисбат ба Парчам ва таърихи он мебошад,- афзуд мудири бахши таълими иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров. Бояд гуфт, ки ин гуна чорабиниҳо дар Донишкадаи молия ва иқтисод ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ низ баргузор шуданд.

Ноябрь 23, 2012 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад